Тартиби бақайдгирӣ ва воридшавӣ ба низом
Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ - ин платформаи электронӣ буда, барои автоматикунонии раванди гирифтани хизматрасониҳои давлатӣ, аз ҷумла додани иҷозатномаҳо барои намудҳои гуногуни фаъолият, гирифтани маълумотномаҳо, тасдиқи ваколатномаҳо ва дигар хизматрасониҳои давлатӣ пешбинӣ шудааст.
Портал ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо имконият медиҳад, ки барои гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар шакли электронӣ дархост пешниҳод намоянд, ҷараёни баррасии онҳоро дар вақти воқеӣ пайгирӣ кунанд ва иҷозатномаҳо, маълумотномаҳо ва ваколатномаҳоро дар шакли рақамӣ дастрас намоянд.
Барои истифодаи пурраи портал гузаштан аз марҳилаҳои ҳатмии бақайдгирӣ ва айнияткунонӣ(идентификатсия) зарур мебошад.
Нақшаи умумии дастрасӣ ба портал
Барои дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатӣ бояд 3 марҳила гузаронида шавад:
- Бақайдгирӣ дар замимаи IMZO
- Шахсан гузаштани шахсиятсанҷӣ дар Маркази хизматрасониҳои давлатӣ (МХД)
- Пас аз он истифода бурдани портал ва гирифтани хизматрасониҳои давлатӣ
⚠️ Муҳим: бидуни гузаштани айнияткунонӣ шахсӣ дар МХД гирифтани аксари хизматрасониҳои давлатӣ дар портал ғайриимкон ё маҳдуд хоҳад буд.
Дастури муфассал тавассути пайванд дастрас аст: «Гузаштани айнияткунонӣ».
1) Дӯкони барномаҳоро дар дастгоҳи худ кушоед:
- Google Play (барои Android)
- App Store (барои iOS)
2) Дар сатри ҷустуҷӯ номи барномаи IMZO-ро ворид кунед.
3) Тугмаи "Насб кардан"-ро пахш кунед ва интизор шавед, ки зеркашӣ анҷом ёбад.
4) Пас аз насб барномаро кушоед.
Хусусиятҳои барномаи IMZO-ро аз назар гузаронед ва "Давом додан" -ро пахш кунед. Барои бақайдгирии ҳисоби шахсии худ, тугмаи "Сохтани профил" -ро пахш кунед. Агар профили Шумо қаблан эҷод шуда бошад, тугмаи «Даромадан»-ро пахш кунед.
Барои ташкил кардани саҳифаи Шумо:
1) Рақами телефони шахсии худро ворид кунед (рақами телефон номи корбарӣ барои ворид шудан ба ҳисоби шахсии шумо хоҳад буд)
2) Барои тасдиқи рақами телефони шумо ба рақами муайяншуда SMS бо рамзи тасдиқ фиристода мешавад, ки онро дар қадами оянда ворид кардан лозим аст.
3) Барои ба итмом расонидани сабти ном, дар қадами оянда силсила ва рақами шиносномаи худро ворид кунед.
4) Пас аз анҷом додани ҳамаи қадамҳои бақайдгирӣ, ба шумо дастрасӣ ба ҳисоби шахсии худ дода мешавад.
⚠️ Дастрасӣ ба хизматрасониҳо танҳо пас аз тасдиқи айнияткунонӣ (идентификатсия) дар МХД имконпазир аст.
Пас аз бақайдгирӣ бояд як маротиба шахсан дар Маркази хизматрасониҳои давлатӣ (МХД) айнияткунониро (идентификатсия) гузаред.
Тавсифи мухтасари марҳилаҳо
Чӣ бояд бо худ гирифт
- Асли шиноснома (паспорт)
Ба куҷо бояд муроҷиат кард
Маркази хизматрасониҳои давлатӣ (МХД), ки дар бинои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти ҶТ, кӯчаи Бехзод 47а, шаҳри Душанбе, ҷойгир аст.
Айнияткунонӣ чӣ гуна мегузарад (дастури муфассал оид ба гузаштани айнияткунонӣ тавассути истиноди зерин дастрас аст: «Гузаштани айнияткунонӣ»)
- Гирифтани навбат
- Санҷиши шиноснома аз ҷониби корманди МХД
- Скан кардани шиноснома
- Биометрия (скан кардани рӯй)
- Анҷом (аккаунт мушаххас карда шуд)
⏱ Вақти миёнаи раванд - 5 - 10 дақиқа
Пас аз айнияткунонӣ
- Аз замимаи IMZO бароед
- Дубора ба он ворид шавед
- Ба бахши «Профил» гузаред
- «Биометрия»-ро интихоб кунед
- Санҷиши биометриро (селфи) гузаред
✅ Ҳангоми санҷиши бомуваффақият равзана бо аломати сабз пайдо мешавад
Ин маънои онро дорад, ки айнияткунонӣ дуруст ба анҷом расид.
1) Ба саҳифаи асосии Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ гузаред.
2) Дар саҳифаи асосӣ тугмаи "Даромадан ё сохтани аккаунт" -ро пахш кунед.
3) Тарзҳои воридшавӣ:
Воридшавӣ тавассути QR-код (тавсия дода мешавад)
- Ба сомонаи Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ гузаред
- «Ворид шудан ё сохтани аккаунт»-ро пахш кунед
- Замимаи IMZO-ро кушоед
- Ба бахши «Профил» гузаред
- «Скан кардани QR»-ро пахш кунед
- QR-код, ки дар экрани портал пайдо шудааст, скан кунед
- Воридшавиро тасдиқ кунед (биометрия)
Воридшавӣ бо рақами телефон (⚠️ танҳо барои шахсони воқеӣ)
- Рақами телефонеро, ки ҳангоми бақайдгирӣ дар IMZO зикр шудааст, ворид кунед
- «Кабул намудани рамз»-ро пахш кунед
- Коди тасдиқи SMS-ро ворид кунед
- «Воридшавӣ»-ро пахш кунед
Воридшавӣ барои шахсони ҳуқуқӣ
- Айнияткунонии (идентификатсияи) шахси ҳуқуқӣ тавассути шахси воқеӣ (роҳбар ё намояндаи ваколатдор) амалӣ карда мешавад
- Воридшавӣ ба портал аз номи шахси ҳуқуқӣ танҳо тавассути QR-код имконпазир аст
- Тасдиқи воридшавӣ тавассути биометрияи рӯй амалӣ карда мешавад
Тартиби воридшавӣ барои шахсони ҳуқуқӣ
1) Сомонаи портали хизматрасониҳои давлатиро кушоед
2) «Ворид шудан ё сохтани аккаунт»-ро пахш кунед
3) Дар замимаи IMZO:
- ба бахши «Профил» гузаред
- реҷаи «Шахси ҳуқуқӣ»-ро (Юр. лицо) интихоб кунед
- «Скан кардани QR»-ро пахш кунед
4) QR-коди дар экрани портал бударо скан кунед
5) Воридшавиро бо ёрии биометрия тасдиқ кунед
1) Айнияткунонии (идентификатсияи) шахсӣ як маротиба гузаронида мешавад
2) Айнияткунонии такрорӣ танҳо дар ҳолатҳои зерин талаб карда мешавад:
- ҳангоми тағйир ёфтани маълумоти шахсӣ
- мувофиқи талаби мақоми ваколатдор
3) Бе тасдиқи айнияткунонӣ ва биометрия дастрасӣ ба хизматрасониҳо маҳдуд аст Дастури муфассал оид ба гузаштани айнияткунонӣ тавассути истиноди зерин дастрас аст: «Гузаштани айнияткунонӣ».