Гирифтани иҷозатнома барои сиёҳкунии шишаҳо тавассути Портали хизматрасониҳои давлатӣ

Гирифтани иҷозатнома барои сиёҳкунии шишаҳои воситаи нақлиёт дар Тоҷикистон тавассути портали ekhizmat.tj ба куллӣ осон гардид. Акнун дигар лозим нест, ки дар навбатҳо интизор шавед — шумо метавонед ин хизматрасониро онлайн ба даст оред.


Маркази тамос: Барои ҳамаи саволҳо шумо метавонед ба хадамоти ягонаи дастгирӣ бо рақами: 7177 (рақами кӯтоҳ) ё +992 44660-71-77 муроҷиат намоед.

Дастури наворӣ


Қадами 1: Ворид шудан ба портал

Ба сомонаи https://ekhizmat.tj ворид шавед. Шумо метавонед бо ду роҳ ворид шавед:

А) Тавассути замимаи мобилии «ИМЗО»

  • Шарт: Шумо бояд қаблан дар Маркази хизматрасонии давлатӣ (МХД/ЦГУ) идентификатсия (расмиёти шиносоӣ)-ро гузашта бошед.

Б) Реҷаи меҳмон (Вход ҳамчун меҳмон)

  1. Тугмаи «Профил»-ро пахш кунед.





  1. Тарзи воридшавии «Войти как гость»-ро интихоб кунед.





  1. Рақами телефони худро ворид кунед.




  1. Рамзи тасдиқро, ки тавассути SMS меояд, ворид кунед.


Муҳим: Дар реҷаи меҳмон дастрасӣ ба ҳамаи хизматрасониҳо маҳдуд аст. Барои дастрасии пурра, бояд шахсан ба МХД муроҷиат намуда, идентификатсия гузаред.

Қадами 2: Интихоби хизматрасонӣ

Дар категорияи «Транспорт» хизматрасонии «Иҷозат барои истифодаи воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳшуда (ба ғайр аз шишаи пеш)»-ро интихоб кунед.

Тугмаи «Гирифтани хизматрасонӣ»-ро пахш кунед.

Қадами 3: Интихоби намуди тонировка

Маълумоти соҳиби мошин ва худи воситаи нақлиётро ворид кунед. Намуди иҷозатномаро интихоб кунед:


Намуди "A" – Шишаҳои паҳлӯии пеш, паҳлӯии ақиб ва шишаи пушти мошин.

Намуди "B" – Шишаҳои паҳлӯии ақиб ва шишаи пушти мошин.

Намуди "C" – Танҳо шишаи пушти мошин.


Эзоҳ: Сиёҳкунии шишаи пеши мошин манъ аст

Қадами 4: Пардохт ва гирифтани ҳуҷҷат

Пас аз ворид кардани маълумот ва интихоби намуд, тугмаи «Пардохт»-ро пахш кунед. Пас аз тасдиқи пардохт, иҷозатнома ба таври худкор ва фаврӣ дода мешавад. Шумо метавонед онро аз кабинети шахсии худ боргирӣ ё чоп кунед.

Суроға

Суроға: Маркази хизматрасониҳои давлатӣ (МХД), ки дар бинои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суроғаи: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 47а ҷойгир аст.