Гирифтани талони (варақаи) электронии муоинаи техникӣ — ба зудӣ дар портал!
08.09.2026 04:56
Ин хизматрасонӣ имкон медиҳад, ки талони (варақаи) электронии муоинаи техникии воситаи нақлиёт тавассути портали eKhizmat гирифта шавад. Талони электронӣ пас аз гузаштани муваффақонаи муоинаи техникӣ дар стансияи ташхиси ГАИ (БДА) ба таври худкор ташкил карда мешавад ва тамоми маълумоти воситаи нақлиётро, аз ҷумла марка, рақами давлатӣ, соли истеҳсол, силсила ва рақами шиноснномаи техникӣ, рақами кузов, инчунин муҳлати эътибори талонро дар бар мегирад. Талони электронӣ бо QR-код таъмин шудааст, ки барои санҷиши зуди аслии он аз ҷониби мақомоти ваколатдор пешбинӣ шудааст ва ҷойгузини ҳуҷҷати коғазӣ мегардад.