Тартиби гузаронидани муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаи нақлиёт тағйир намеёбад. Муоинаи воситаи нақлиёт минбаъд низ ба таври ҳузурӣ дар нуқтаи ташхисии БДА гузаронида мешавад. Тавассути Портали ягона танҳо ҳуҷҷати ниҳоӣ — талони электронӣ (варақа) ба расмият дароварда мешавад.
Марҳилаи якум — гузаштан аз муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаи нақлиёт дар нуқтаи ташхисии БДА
Соҳиби воситаи нақлиёт бояд аз санҷишҳои зерин гузарад:
·санҷиши ҳолати техникии воситаи нақлиёт;
·санҷиши мутобиқати партовҳои газҳои ихроҷшуда ба талаботи экологӣ;
·муоинаи тиббии ронанда.
Ҳамзамон, ҳангоми гузаштан аз ташхис ронанда полиси суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт (ОСАГО)-ро ба расмият медарорад. Ин марҳила ба таври ҳузурӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида анҷом дода мешавад.
Марҳилаи дуюм — ба расмият даровардани талони электронӣ тавассути Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ — eKhizmat.tj
Пас аз гузаштани ташхис зарур аст, ки дар муҳлати 30 рӯз тавассути портали eKhizmat.tj дархост пешниҳод карда шавад. Дар сурати гузаштани ин муҳлат, ташхиси техникӣ бояд такроран гузаронида шавад.
Барои пешниҳоди дархост танҳо нишон додани рақами давлатии бақайдгирии воситаи нақлиёт кифоя аст. Барои истифода азин хизматрасонӣ бақайдгирӣҳатмӣ нест: метавонба ҳисоби худворид шуда, ёбидуни бақайдгирӣ ҳамчун«меҳмон» аз хизматрасонӣистифода кард.
Портал ба таври худкор:
·маълумотро дар бораи ташхиси гузаронидашуда месанҷад;
·пардохти андози нақлиётро тафтиш мекунад;
·маблағи боҷи давлатӣ (ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар соли 2026 ба 156 сомонӣ баробар аст) ва ҳаққи хизматрасониро (50 сомонӣ) ҳисоб мекунад;
·ҳисобномаҳо барои пардохти онлайнро таҳия менамояд.
Пас аз иҷрои ҳамаи талабот ва анҷоми пардохт талони электронӣ (варақа) ба таври худкор таҳия мешавад. Муҳлати амали он ба муҳлати амали ташхис мувофиқ хоҳад буд.
Ҳамин тариқ, ҳозир шудан ба нуқтаи ташхисӣ ҳамоно ҳатмӣ боқӣ мемонад, аммо барои гирифтани худи талон дигар ба таври иловагӣ муроҷиат кардан зарур нест — он дар шакли электронӣ тавассути Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ — eKhizmat.tj дастрас хоҳад буд.
Маълумоти муфассалро бо рақами кутоҳи7177дарёфт кардан мумкин аст.