ХизматрасониҳоКатегорияҳоТашкилотҳо
Кӯмак7177
Ҳама
Шахси воқеӣ
Шахси ҳуқуқӣ
Даромад
ХизматрасониҳоКатегорияҳоТашкилотҳо
Кӯмак7177
Даромад
Асосӣ
/
Хабарҳо ва чорабиниҳо
/
Форуми байналмилалии технологии Тоҷикистон
/
Форуми байналмилалии технологии Тоҷикистон
01.10.2026 09:52

29–30 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии технологӣ — TAJ-TECH 2026 бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Форум барои муаррифии пешрафтҳои технологии кишвар, табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ замина фароҳам овард. Мавзӯъҳои асосии форум хизматрасониҳои рақамии давлатӣ, зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ, инфрасохтори рақамӣ ва дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ буданд. Ба ҷалби сармоягузорӣ ва таҳкими шарикии байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар доираи форум, 30 сентябр, ҶСК «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ» бо ҶСК «Тоҷиктелеком» ва ширкати ватании IT Ayon Solutions ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонид.

Ёддошти тафоҳум бо ҶСК «Тоҷиктелеком» таҳияи муштараки барномаҳои рақамӣ, татбиқи лоиҳаҳо бо истифода аз зеҳни сунъӣ ва технологияҳои абрӣ, ҳамкорӣ дар самти ҳифзи маълумот ва баланд бардоштани иқтидори касбии мутахассисонро пешбинӣ менамояд. Ёддошти тафоҳум аз ҷони роҳбарон — Ҷамшед Шарипов ва Бахтовар Абдусатторзода ба имзо расонида шуданд.

Дар ин раванд, ҳамкорӣ бо Ayon Solutions ба рушди қарорҳо дар самти идоракунии электронии захираҳои инсонӣ ва гардиши рақамии ҳуҷҷатҳои захираҳои инсонӣ равона гардида, таҳия ва татбиқи барномаҳо барои автоматикунонии равандҳои захираҳои инсонӣ, гузариш ба ҳуҷҷатгузории электронӣ ва содда намудани фаъолияти воҳидҳои захираҳои инсониро дар бар мегирад.

Ёддошти тафоҳум аз ҷони роҳбарон — Ҷамшед Шарипов ва Абубакр Бобоев ба имзо расонида шуданд. Ёддоштҳои тафоҳуми баимзорасида барои таҳия ва татбиқи муштараки барномаҳои рақамӣ имкониятҳои нав фароҳам оварда, ба ташкилотҳо дар рақамикунонии равандҳои корӣ мусоидат хоҳанд намуд.

Дигар хабархо
news-image
11.09.2026 12:30
Аз 15-уми сентябр талони муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт танҳо тавассути Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ — eKhizmat.tj ба расмият дароварда мешавад
Аз 15-уми сентябри соли 2026 талонҳо (варақаҳо)-и муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт танҳо дар шакли электронӣ тавассути Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ — eKhizmat.tj ба расмият дароварда мешаванд.
news-image
08.09.2026 04:57
Барномаи мобилии eKhizmat
Ҳоло гирифтани хизматрасониҳои давлатӣ осонтар шуд! Барномаи eKhizmat-ро боргирӣ намоед ва ҳуҷҷатҳоро расмӣ кунед, ариза пешниҳод намоед, боҷҳоро тавассути смартфон пардохт кунед — ҳар вақт, бе навбат ва ташриф ба мақомот.
Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ
Портал
КатегорияҳоТашкилотҳоХизматрасониҳоХабарҳо ва чорабиниҳо
Кӯмак ва дастгирӣ
Дастур Барои тамосСиёсати махфият
Дар бораи портал
Мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣСомонаи расмӣ
Захираҳои муфид
VIN TJ - Бақайдгирӣ ва барасмиятдарории гумрукии воситаҳои нақлиётIMEI TJ - Системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобили
Барои тамос
+992 44 660-71-77khizmat.ehukumat@cpd.tj
© 2026 Ҳама ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд
v0.60.05