Дар портали eKhizmat номгӯйи хизматрасониҳо дар соҳаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ васеъ карда шуд
Ба маълумоти шаҳрвандон мерасонем, ки дар Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатии eKhizmat хизматрасониҳои электронии соҳаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҷорӣ карда шуданд.
Корҳои мазкур аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2023, № 72, ки беҳсозӣ, автоматикунонӣ ва ба шакли электронӣ гузаронидани хизматрасониҳои давлатиро пешбинӣ менамояд, амалӣ карда шуданд.
- бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак;
- бақайдгирии давлатии ақди никоҳ;
- бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳи ҳамсарон, ки фарзандони ноболиғи муштарак надоранд;
- бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар асоси санади судӣ;
- бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ бо аризаи яке аз ҳамсарон;
- бақайдгирии давлатии фавт.
Ҷорӣ намудани хизматрасониҳои электронӣ ба баланд бардоштани дастрасии онҳо ва содагардонии раванди ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ равона гардидааст.
Барои истифодаи хизматрасониҳо шаҳрвандон бояд дар портал сабти ном карда, аз расмиёти айнияткунонии шахсият гузаранд. Пас аз ин, дар бахши «Оила ва кӯдакон» хизматрасонии заруриро интихоб намуда, бо шартҳои пешниҳоди он шинос шаванд ва дастурҳои пешниҳодшударо иҷро намоянд.
Талабот, муҳлатҳои баррасӣ ва маълумот оид ба пардохти маблағ барои ҳар як хизматрасонӣ дар саҳифаи иттилоотии портал нишон дода шудаанд.
Портал: eKhizmat.tj
Маркази тамос: 7177