ХизматрасониҳоКатегорияҳоТашкилотҳо
Google PlayApp Store
Кӯмак7177
Ҳама
Шахси воқеӣ
Шахси ҳуқуқӣ
Даромад
ХизматрасониҳоКатегорияҳоТашкилотҳо
Кӯмак7177
Даромад
Асосӣ
/
Хабарҳо ва чорабиниҳо
/
Ҳамкории ҶСК «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматра...
/
Ҳамкории ҶСК «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ» ва Амонатбонк дар самти тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатии электронӣ
16.11.2026 08:48

Ҳамкории ҶСК «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ» ва Амонатбонк дар самти тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатии электронӣ

10 ноябри соли 2026 мулоқоти директори генералии ҶСК «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ» Ҷамшед Шарипов бо муовини Раиси Раёсати КВД БДА ҶТ «Амонатбонк» Фирдавс Ризвонзода баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2025 № 1046 «Дар бораи масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ» баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба муаррифии Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ eKhizmat ва расонидани кумаки амалӣ ба шаҳрвандон дар истифодаи он зоҳир гардид.

Бо ин мақсад, ҷонибҳо имконияти ташкили машваратҳоро дар нуқтаҳои мувофиқашудаи хизматрасонии бонк муҳокима намуданд. Пешбинӣ мешавад, ки шаҳрвандон дар ин нуқтаҳо барои насби барномаи мобилии eKhizmat, гузаштан аз худайнияткунонӣ тавассути ИМЗО ва пешниҳоди аризаҳои электронӣ барои гирифтани хизматрасониҳои давлатӣ роҳнамоӣ гиранд.

Ҳамкории мазкур ба истифодаи таҷрибаи Ҷамъият дар самти хизматрасониҳои рақамӣ ва имкониятҳои шабакаи хизматрасонии Амонатбонк барои дастгирии шаҳрвандон дар гузариш ба хизматрасониҳои онлайн равона шудааст.

Ин ташаббус ба татбиқи сиёсати давлатии рақамикунонӣ, баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ ва тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатии электронӣ мусоидат хоҳад кард.

Дигар хабархо
news-image
16.11.2026 09:10
16 ноябр — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин сана бо рӯйдодҳои муҳими таърихи муосири кишвар, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ алоқаманд мебошад.
news-image
22.10.2026 01:19
Хизматрасониҳои нави сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар eKhizmat дастрас шуданд
Дар бахши «Оила ва кӯдакон» хизматрасониҳои электронӣ барои бақайдгирии таваллуд, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ ва фавт дастрасанд. Барои истифодаи онҳо сабти ном ва айнияткунонии шахсият зарур аст.
news-image
01.10.2026 09:52
Форуми байналмилалии технологии Тоҷикистон
ҶСК «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ» ҳамкориҳоро дар соҳаи рақамикунонӣ дар доираи TAJ-TECH 2026 густариш медиҳад
Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ
Портал
КатегорияҳоТашкилотҳоХизматрасониҳоХабарҳо ва чорабиниҳо
Кӯмак ва дастгирӣ
Дастур Барои тамосСиёсати махфият
Дар бораи портал
Мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣСомонаи расмӣ
Захираҳои муфид
VIN TJ - Бақайдгирӣ ва барасмиятдарории гумрукии воситаҳои нақлиётIMEI TJ - Системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобили
Барои тамос
Маркази тамос: 7177
Барои зангҳо аз хориҷи кишвар: +992 44 660-71-77
ekhizmat@cpd.tj
© 2026 Ҳама ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд
v0.60.05